Шираи камол для чего используют

Трава от тысячи болезней

Лечебные свойства хазор испанда

Нетрадиционная медицина Таджикистана относит «хазор испанд» к числу уникальных растений. В его состав входят стероиды, жирное масло, протеины, алкалоиды, органические кислоты, сапонины, каратиноиды. При неврастении, болезнях почек и пародонтозе пьют отвар из «хазор испанда». Семена травы используют для лечения желудочно-кишечных заболеваний и гельминтоза. Его дым успокаивает человека и вызывает быстрый сон. Если у вас ревматизм, аллергия или кожные заболевания, вам надо принять ванну с отваром из «хазор испанд». Тут важно знать меру. К примеру, в 5 литров воды надо добавить 50 граммов травы. Чудо-трава также помогает от алкогольной и никотиновой зависимости.

Окуривание запрещено при беременности. При большом количестве женщина может потерять ребенка.

722b1f734f506b8bce1d752bc47764c10aa9f2149a0c2d534a9ae54bb5f3279a 832ffb259f813d92e01aefc9500a4810783e81c14e2ee26ef96f0d43da0ef060 37382c7405fd85161c74fa6c271a1ae94c80ea9d089bd07161e57dc8d7a0bdf0

На рынках, на улицах города часто можно встретить мужчин с маленькими дымящимися блюдцем в руках. Они окуривают машины, помещения, людей. За ритуал жители по желанию могут заплатить. Многие верят, что этот дым принесет им удачу.

Жители окуривают свои жилища, рабочие места, торговцы окуривают свои прилавки. При этом читают заклинание или же молитву.

Впервые о «хазор испанде» упомянули в собрание священных текстов зороастрийцев – «Авеста» в VII-V вв. до н.э. Еще тогда дымом чудо-травы окуривали заболевших людей. Сам Авиценна лечил «хазор испандом» заболевания глаз, суставов, селезенки, геморроя, простудные и кожные заболевания. Ее разжигали во время массовых эпидемий.

7d1d935daa9e54ce24118252b2a280f2e86ec79db0feddf84dc91460867e472f 46d403cb6900eeed4cc894561cb4c733740231db00e44b8b54d082dc50b34dc8 601356588896240ce88e0f7a4a99cf2f8aaf55de07ebbfa991bcb03a0fe9db09

Трава хазор испанд-защита от коронавируса

Врач-эпидемиолог, заместитель гендиректора по науке Международного института вакцин при ООН Михаил Фаворов рассказал, что трава защищает от вирусов. Еще сам Авицена советовал окуривать помещения для защиты от всех болезней травой хазориспанд, напомнил ученый.

И в правду, в стране один из самых распространенных способов борьбы с вирусами-«хазор испанд». Зимой жители окуривают свои дома практически ежедневно. В каждой семье есть большой запас травы.

В научно-исследовательском центре фармацевтики в Душанбе открывают все больше полезных свойств «хазор испанд». Тут на основе травы начали выпускать чайные пакетики и настойки. Они имеют противовоспалительный и антисептический эффект.

В Таджикистане существует несколько климатических зон, поэтому травы здесь растут почти круглогодично. Травы собирают круглый год. За ними отправляются в горы и в дальние районы. В стране растут более 3000 лекарственных растений, тысяча из них известны народной медицине.

В горной стране чистый воздух, земля плодородная, вода чистая, поэтому растения, которые встречаются здесь, являются экологически чистыми. Они богаты макро- и микроэлементами, химическими элементами, активными биологическими веществами, каротином, пектином, флавоноидами, органическими кислотами и маслами. Поэтому если вы приедете в солнечный Таджикистан, обязательно приобретите различные чудо-травы.

Источник

Восеъ: Боздошти ду нафар бо 7 тона шираи камол

D6294CCB 09E0 497C 8A4D ABCEE5EB70D7 w250 r1 s

Додситонии ноҳияи Восеъ дар нисбат ба ду нафар аз сокини ноҳияи Фархор, ки дар интиқоли ғайриқонунии шираи камол дар ҳаҷми бузург гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ду нафар ҳафтае қабл аз ҷониби кормандони Шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Восеъ замоне боздошт шуданд, ки тасмими интиқоли беш аз 7 тона шираи камол ба давлати исломии Афғонистонро доштаанд. Хайриддин Ҷаъфаров, муовини сардори Шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия мегӯяд, ошкор шудани қочоқи шираи камол дар ҳолест, ки интиқоли он ба хориҷи кишвар мамнӯъ дониста мешавад.

Вай гуфт: «Дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ҷамоати Гулистон мошини тамғаи КАМАЗ таҳти идораи Баротов Сайдалӣ, сокини Фархор боздошт гардид. Дар ин мошини боркаш дар 343 адад бочкаҳои пласмасӣ маводҳои бӯйноки рангашон сафед ба ширеши камол монанд пайдо шуд. Муайн шуд, ки дар ин КАМАЗ 7 тонаву 700 килограм шираи камол вучуд доштааст, ки мехостаанд, онро ба Афғонистон баранд».

Шартнома бо шаҳрвандони Афғонистон

Дар ҳамин ҳол Амиршо Ҷурақулов, сардори Шӯъбаи наботот ва ҳайвоноти Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, онҳо тавони пешгирӣ аз қочоқи шираи камолро надоранд, аз ин рӯ дар амри ҷилавгирӣ аз интиқоли он ба дигар мақомот такя мекунанд. Ӯ мегӯяд, то замони содир гаштани фармони президенти кишвар дар мавриди пешгирӣ аз интиқоли шираи камол садҳо тонаи он ғайрирасмӣ ба хориҷи кишвар бурда шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, бештар дар кӯҳистони минтақаи Кӯлоб шираи ин рустаниро шаҳрвандони Афғонистон, ки ғайриқонунӣ вориди хоки Тоҷикистон мешуданд, ҷамъоварӣ менаамуданд. Ҳоло бошад, ба қавли ӯ, барои коркард ва ҷамъоварии шираи камол шаҳрвандони Афғонистон расмӣ ба кор ҷалб мешаванд, вале содироти он комилан манӯъ дониста мешавад.

Ӯ афзуд: «Шаҳрвандони ҷумҳурии исломии Афғонистон барои коркарди шираи камол дар дохили Тоҷикистон тариқи шартнома ҷалб карда мешаванд, зеро онҳо таҷриба доранд. Онҳо то замони манъ кардани ин, солҳои дароз ғайриқонунӣ сарҳадро убур намуда, шираи камолро мечиданд. Ба онҳо на сарҳадбонони тоҷик кор доштанд ва на аз русҳо. Ҳоло онҳоро намегузорем, ки ғайриқонунӣ биоянд».

455BF93E F1D2 4E7A ABB0 6BEE82D0446F w250 s

Шираи камол: «даъвои ҳамаи дардҳо»

Ин ҳам дар ҳолест, ки сад солаҳо боз шираи камол дар хонаводаҳои мардуми кӯҳистон ҳамчун дорӯ мавриди истифода қарор доштааст.

Бахтиёр Сафаров, як сокини маҳаллӣ мегӯяд: «Ёд дорам, ки вақте касал мешудем, шикамраву шамолзанӣ, модарам зуд, ба мо мурчакамол медод. Об карда дар танамон мешакид ё мехӯронд. Ҳозир ҳам мо онро ҳангоми беморшавии кӯдаконамон истифода мекунем. Умуман шираи мурчакамол ба ҳамаи дардҳо фоида дорад».

Кишти камол бо асп

Дар паи ҷамъоварии аз меъёр зиёд ва нодурусти шираи камол аксари майдони руиши ин навъи рустанӣ хароб шудааст. Амришо Ҷурақулов, корманди ҳифзи муҳити зисти минтақа мегӯяд, онҳо дар паи барқарори кардани руишгоҳҳои шираи камол ҳастанд.

Таи як соли ахир дар минтақаи Кӯлоб қариб дар 200 ҳектор замин аз сари нав тухмии шираи камол кишт шудааст. Интиқоли шираи камол соле қабл тибқи фармони президенти Тоҷикистон мувақатан манъ эълон шудааст. Барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон миқдори калони қочоқи шираи камол мусодира мешавад.

Источник

Шираи камол для чего используют

10 ferula

Мухолифат аҷаб печ дар печ сурат гирифт. Президент, ҳукумати кишвар, қонун дар он сӯйи сангар ва ташхисгари муҳити зист дар ин бари сангар, яъне Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Аҷиб аст, ки тадқиқоти ягона ду сол боз, наметавонад ҳақиқатро рӯйи об оварад. Гап дар сари он аст, ки яке аз ҳазорон растании пурарзиш, ки дар ҳудуди кишварамон мерӯяд, «моликияти давлатӣ» ҳисоб мешавад, ё не?

Маълумот: Ров аз ҷумлаи растании бисёрсолаи оилаи растаниҳои соябоншакл маҳсуб мешавад. Дар Осиёи Марказӣ зиёда аз 130 намуди он паҳн гардидааст. Ровро ҳамчун растании мумию шилмак, эфирдор, дорувор, ғизоӣ, тундбӯй истифода бурдан метавон. Аз он маҳлуле бо номи «шираи камол» ҳосил мешавад.

Пеш аз ин (31 майи сли 2007) додгоҳи ноҳияи Шӯрообод, мутобиқи моддаи 259, қисми 2 К. Ҷ. ҶТ Қ. Гулмуродовро шартан ба мӯҳлати 3 сол бо нигоҳдошт дар калонияи режими умумӣ маҳкум ва барои аз ҷониби маҳкумшуда зиён расонидан ба маблағи 5 миллион сомонӣ даъво пешниҳод карда бошад ҳам, тамоман қонеъ нагардонид. Ба ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шӯрообод, фавран тариқи кассатсионӣ эътироз карда шуд, ки онро додгоҳи вилояти Хатлон дида, ҳукмро бетағйир гузошт.

Баъд аз ин бо эътирози Додситонии кул дар Додгоҳи олии ҶТ қазия қисман қаноатбахш карда шуда, парванда барои бозсанҷӣ баргардонида шуд. Танҳо баъди ин ба ҳабси дубораи Гулмуродов иҷозат дода шуд. Аммо ин муҳокима боз ҳам вобаста бо мавқеи ташхисгари муҳити зист ба дарозо кашида мешавад.

Бо мақсади дарёфти ҳақиқати ҳол банда бо муовини додситони вилояти Хатлон дар ҳавзаи Кӯлоб, Алфаттоҳ Розиқов муроҷиат кардам, он сӯҳбатро пешкаши хонандаи азиз месозем:

-Ин чӣ ҳангомаест, ки дар атрофи кадом як растанӣ бархостааст?

— Ҳеч гуна ҳангома нест. Тибқи нақшаи корӣ иҷрои ҳуҷҷатҳои ҳукуматӣ ҷараён дорад. Бояд гуфт, ки нофаҳмӣ аз тарафи ташхисгари соҳа боиси сардаргумӣ шудааст.

— Ҳарфи шумо рӯйи кадом ҳуҷчатҳо аст? Ва чаро қазияи ров ё шираи камол бояд маҳз дар сатҳи давлатӣ ҳал шавад?

— Қарори Ҳукумати ҶТ (№170 аз 10.05.2005) «Дар бораи тасдиқи барномаи давлатӣ дар бораи коштану ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои давоӣ бо мақсади тайёр намудани доруворӣ» ҳаст, ки ҳамчунин Фармони Президенти ҶТ (№ 545 аз 19.09.2008) «Дар бораи манъ кардани ҷамъоварӣ ва интиқоли шираи камол» содир шуд.

-Пас чаро қазияи шираи камолро дар Додситонӣ, Кумитаи амнияти давлатӣ, инчунин Кумитаи ҳифзи табиат аз ёд бурданд?

— Ба ҷойи Кумита намехоҳам посух бидиҳам. Дар мавриди Додситонӣ мехоҳам бигӯям, ки дар қисми 3-и қарори мазкур риояи ҳатмии қонун ҳангоми ташкили чунин маъракаҳо ва андешидани тадобири қатъӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун талаб карда мешавад. Ба қадри имкон ҳамроҳ бо Кумитаи амнияти давлатӣ, додситонии минтақаи Кӯлоб кушиш дорад, ки манфиатҳои мардуми муқимӣ ва талаботи қонунро таъмин ва ҳифз намояд.

-Дар марҳилаи аввал ошкор намудани қонунвайронкунӣ мушкил нест. Мушкил ин аст, ки қазия ба додгоҳ мерасад ва ранги дигар мегирад. Бархе аз кормандони масъули ташхиси давлатии ҳифзи табиати Кумитаи ҳифзи табиати назди Ҳукумати ҶТ агар каме мулоимтар бигӯем, бо хулосаҳои беасоси худ фаъолияти моро дар боби мушаххас кардани қонуншиканиҳо дар ин бахш, барқарор кардани зарари расонидашуда аз амалҳои номатлуб душвор мегардонад. Тазод ба миён меояд; Президент, ҳукумат ҷойи онҳое, ки ҳифзи шабонарӯзии табиат вазифаи аслиашон бояд бошад, аз вазъияти шираи камол бо сар задани чунин несткунии рустании номбурда дар ташвишу бонги хатар мезананду онҳо баръакс ба ин муқобилият нишон медиҳанд. Набояд фаромӯш кард, ки гап дар бораи зерташкилоти ҳамин Кумитаи ҳифзи табиати ҳукумат меравад.

-То кадом андоза ин масъалаи матраҳкардаи шумо ташвишовар аст?

— Барои рӯшантар шудани қазия ба далелҳои беинсофона рӯ меоварем. Дар тӯли соли 2007 ва 9 моҳи соли 2008 аз ҷониби ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зиёда аз 100 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳангоми ҷамъоварии шираи камол боздошт гардиданд. (Агар огаҳ бошед, ҳукумат бо ҳадафи дар ҳолати зарурӣ ба ин кор ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон ташаббускорона як барномаи давлатӣ рӯйи даст гирифта буд.) Дар ин муддат 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон бинобар худсарона машғул шуданашон ба ҷамъоварии шираи камол ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Дар ҷараёни ин кор нисбат ба 3 нафар шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз гардид. 3100 килограм шираи камоли ғайриқонунӣ ҷамъоварда тасарруф гардид. Ҳангоми татбиқи адолати судӣ инҷо воқеаҳои тааҷҷубовар рух медод. Муҳофизони бевоситаи муҳити зист дар кирдори онҳое, ки ғайриқонунӣ ба ҷамъоварии шираи камол машғул буданд, ҳеч гуна таҷовузкорӣ, тахрибкориро намедиданд, ин ҳам дар ҳоле ки ба ҷойи шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони кишвари дигарро ба ин кор ҷалб карданд. Нозири ташхисгари экологии давлатӣ Б. Абдураҳимов ба суоли мо ба чунин мазмун посух дод, ки иҷозатнома барои ҷамъоварии он намуд рустаниҳои шифобахше, ки ба Китоби Сурх дохил нашудаанд, талаб карда намешавад. Ҳамчунин Б. Абдураҳимов ров ё шираи камолро моликияти давлатӣ ҳисоб накарда, гунаҳкор кардани ҳеч ташкилоту муассиса ва одамони ҷудогонаро ба ин ҷурм зарур намешуморад.

Дар ниҳоят, Б. Абдураҳимов ба додгоҳ кашида шуда, ҳамчунин зарари моддии ба табиат расонидашударо низ инкор карда, қарори ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шаҳрвандони алоҳидаро асоснок наҳисобида, ҳамкасбонашро фикри муқобили гуфтаҳои худи ӯ доштанд аз ҷумлаи тӯҳматчиёну айбдоркунандагони роҳбарияти бевоситаи Кумитаи ҳифзи табиат мешуморад.

-Ва додгоҳ ин фарзияро маъқул шуморид?

-Ин хулосаҳо дар мурофиаи додгоҳӣ сари ду парвандаро хӯрданд. Яке дар нисбат ба шаҳрванд Б. Боронов, ки ғайриқонунӣ 550 килограм шираи камол ғундошта, дигаре дар нисбат ба парвандаи ҷиноии нисбат ба Қурбоналӣ Гулмуродов (аз рӯйи аломатҳои ҷиноии бо дастрасии қисми 2 моддаи 259, қисми 4 моддаи 245, қисми 2 моддаи 235 КҶ ҶТ) кушода шуда, ки ба фоидаи айбдоршаванда ҳал гардида, ӯро аз золи суд озод карданд. Аҷибаш он аст, ки бо қарори суд 2300 килограм шираи камол ҳамчун далели моддии гирифташуда, ба номбурда баргардонида шуд.

-Намешавад, ки додгоҳ ин бор ба як қарори одилонатар биёяд?

-Мебинем, ки чӣ гуна Қурбоналӣ Гулмуродов моҳи беайб аст? Дафтари аъмоли ӯро аз парвандаи ҷиноиаш варақ мезанем. Ҳангоми дар шаҳри Душанбе иқомат доштан, пештар дар содир кардани ҷиноят айбдор карда шуда буд, ки бо дастрасии моддаи 204 КҶ ҶТ (қабули с.1961) ба қарори суди ноҳияи Ховалинг аз 11.06.1991 ба мӯҳлати 2 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Номбурда муддати зиёд ғайриқонунӣ ба буридани буттаву дарахтон, ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш бидуни иҷозатнома машғул гардида, дар ҳаҷми бениҳоят калон ба давлат зарари калони моддӣ расонид.

Ба боварии роҳбарони фирмаҳои гуногун даромада, аз соли 1991 ба ҷамъоварии рустаниҳо машғул буд. Чунончӣ бо фармони №1 фирмаи шахсии «Кова» аз 1 марти соли 1991 директори филиали фирма дар ноҳияи Ховалинг таъин гардид. 5 феврали соли 2004 азнавсозии фирмаи «Кова» шурӯъ шуду Қурбоналӣ Гулмуродов боз директори он таъин гардид. Ба ҳайси мудир, бо Кумитаи ҳифзи табиат, ҳамчунин маъмурияти хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор шартномаи дарозмуддат баста (3 апрели соли 2006) мутобиқи он ҳуқуқи дар майдони 500 гектар кишту коркарди камол ва дигар рустаниҳои шифобахшро пайдо мекунад. 7 июни соли 2006 раводид (№0000121) мегирад, ки аз 7 июн то 31 декабри соли 2006 ҳуқуқашро дар масъалаи ҷамъоварии рустаниҳои шифобахш, аз ҷумла 1 тонна шираи камол дар қисмати поёнии мақбараи Шоҳи Аҳтамҷон дар ҳудуди Хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор кафолат медиҳад.

Дар асоси шартномаи дутарафаи байни ҷамъияти шакли кушодаи «Кова» ва муассисаи «Сино»-и назди Кумитаи «Тоҷикфармпром»-и Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ (аз 1.06.2006, №1), Қ. Гулмуродов вазифадор буд, ки маҳсулоти ҷамъкардаашро ба муассисаи «Сино» бурда супорад, он чи ки ӯ накард.

-Алҳол, агар доғи сиёҳи гузаштаи 15 соларо истисно кунем, ин тарафи кор хуб, муташаккилона ҷараён дорад?

-Ҳоло бале! Қазоват кунед; бе раводид дар масъалаи истифодаи қувваи кории шаҳрвандони хориҷӣ 20 шаҳрванди хориҷиро ба кор ҷалб мекунад. Аз 1000 гектар кӯҳу пушта (ба ҷойи 500 гектари муқарраргардида) 2358 килограм шираи камол ҷамъоварӣ карда, бо ин амалиёт 250 ҳазор бутта рустаниҳои шифобахшро нест мекунад. Зарари умумӣ 1 млн. 424 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ибтидои моҳи августи соли 2006 баъди ҷамъоварии 1071 килограм шираи камол аз ҳудуди хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор бо ёрии шаҳрвандони Афғонистон Почомир Шаҳнавоз ва Ғулом Нақшбанд валади Ғулом Дарвеш борро ба шаҳри Душанбе мерасонад. Аммо иштибоҳ мекунед, агар шумо бар он андеша бошед, ки бори мазкур бо ду дасти адаб ба ҷойи таъиншудаи қонунӣ-муассисаи «Сино» расонида шудааст. Борро аз тарафи шаҳрванди Афғонистон кадом як генерал Абдулло Юсуф, ки муайян кардани шахсияташ даст надод, аз роҳ мезанад. Фоида аз додугирифтро пурра Қ. Гулмуродов аз худ менамояд.

Бо дидани чораҳои иловагӣ миқдори 88 кг шираи камол кашф ва мусодира шуд, ки дар анбори хоҷагии ҷангали ноҳияи Фархор пинҳон нигоҳ дошта мешуд. 1199 кг шираи камол низ аз махфигоҳи дар қитъаи замини ошпази ҶШК «Кова» сокини деҳаи Қизил-суи ноҳияи Фархор Дӯстмурод Ҷӯрахонов, мутааллиқ ба Қ. Гулмуродов ошкор ва мусодира гардид.

Боз ҳам Қ. Гулмуродов ба симати ошпаз аҳли оилаи сокини ҳамин деҳаву ҷамоат Дустмурод Ҷӯрахоновро ба кор гирифта, ба ҳар се нафари онҳо ҳам музди кори ҳаррӯзаашонро бо маблағи 15 сомонӣ сари ҳар нафаре дар ҳаҷми умумии 6885 сомонӣ пардохт накард.

-Чӣ ҳоҷат аст ба чунин таҳлилҳои беохир, вақте қонунвайронкуниҳо чун рӯз равшананд, дар ҳоле ки боз Раиси ҷумҳур Фармон ҳам баровардааст?

-Дар ин мавзӯъ дурудароз ҳарф задан мумкин аст. Такрор ҳам шавад гуфтаниам, ки ташхисҳои асроромези коршинос (эксперт) Б. Абдураҳимов имкон намедиҳад, ки адолати судӣ тантана намояд. Фол диданӣ нестам, вале бешубҳа хулосаи коршинос аз кадом як ҳолатҳое сахт вобастагӣ дорад. Ҳамин қадар мусаллам аст, ки чунин хулосаҳои ташхисии ҷиддию калон набояд аз тарафи мутахассиси ҷудогона, балки бо иштироки гурӯҳи мутахассисини варзида бароварда шавад.

Ҳар як ҷиноят ҳатман ногузирии ҷазоро бояд дошта бошад. Ана ҳамин аст моҳияти кор. Ҳоло ки ин маҳак нест, қонун маҷбур аст ба ҳар касе ки хоҳад гузашт намояд.

Барои мисол, 11 сентябри соли 2008 21 нафар шаҳрванди Афғонистон аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти давлатӣ дар минтақаи Кӯлоб ҳангоми ҷамъоварии шираи камол дар қаламрави ноҳияҳои Темурмалику Данғараи вилояти Хатлон дастгир шуда буданд. Дар нисбат ба дастгиршудагон ҳабси маъмурӣ амалӣ шуд, аммо бо «фатво»-и эксперт Б. Абдураҳимов, ки гӯё шираи камол ҳеч гуна арзише надораду растании шифобахш маҳсуб намешавад, онҳо озод гардиданд.

-Оё дар ҳақиқат шираи камол гаронбаҳост?

…Ана ҳамин гуна шираи камол ба даст меояд, то он замоне ки эксперт Б. Абдураҳимов ҳисобу китоби дақиқи баҳои шираи камолро ёд нагирад, Қурбоналӣ Гулмуродов бошад, дар маҳбаси пешакӣ дам гирифта мешинад.

Ногуфта намонад, ки Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Қ. Гулмуродов, ки бо моддаҳои 234, қ.2, 247, қ.4, 259, қ.2, 245 қ. 4 ва моддаи 153 КҶ ҶТ айбдор мешавад, анҷом ёфта барои баррасӣ ба суди минтақаии Кӯлоби вилояти Хатлон ирсол гардидааст.

P.S.Шурӯъ аз декабри соли 2008 дар Тоҷикистон барои ғайриқонунӣ, худсарона ҷамъоварӣ, коркард, интиқоли шираи камол ҷазои маъмурӣ ва дар ҳолатҳои ҷудогона ҷавобгарии ҷиноӣ муқаррар гардидааст.

Тағйиротҳои лозимӣ ба Кодекси ҶТ дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси ҷиноии ҶТ дар раванди Маҷлиси навбатии сессияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ қабул гардиданд. Тавре аъзои Кумитаи палата оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунбарорӣ ва ҳуқуқи инсон Хадича Ҳакимова зикр кард, ки аз тарафи ширкату шаҳрвандони гуногун аз ҷумла хориҷӣ дар масоҳати 282, 8 га замин 138 ҳазору 160 буттаи шираи камол нест карда шудааст. Ӯ афзуд, ки коркарди шираи камол ва арзиши масоҳати майдони он, ҳамчунин содироти он ба буҷаи ҷумҳурӣ маблағи зиёд ворид карда метавонад.

Дар ин миён, аъзои ҳамин кумита Маҳмадалӣ Ватанов дар мусоҳибааш бо хабарнигорон гуфт, ки ҷаримабандӣ барои ҷамъоварӣ, коркард ва интиқоли ғайриқонунии шираи камол то ба дараҷаи 700 ҳади аққали музди меҳнат дида мешавад. Ҳамчунин ин гуна фаъолият манъ карда шуда, дар ҳолатҳои ҷудогона ба мӯҳлати 2 сол маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.

Источник

«Фароз» муваққатан аз фурӯши шираи камол маҳрум шуд

C6319D2B 81D4 44C4 9F42

«Фароз», танҳо ширкате, ки иҷозаи коркарду фурӯши шираи камолро дорад, дар соли 2013 аз ин ҳуқуқ муваққатан маҳрум шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгарӣ аз нестшавии майдонҳои камол, ҷамъовариву фурӯши шираи онро дар соли 2013 манъ кардааст. Шираи камол гиёҳи нодирест, ки аз он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозимаи инсон дору омода мекунанд. Инчунин, ба гуфтаи пизишкон дар аксар доруҳои бедардкунанда таркиби шираи камол мавҷуд аст.

Ҳасан Амиров, сардори Идораи ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ба тозагӣ дар ин маврид қарори ҳукумати ҷумҳурӣ содир шудааст, ки тибқи он имсол коркарди шири камол иҷоза дода намешавад. Бино бар ин, «Фароз», ягона ширкате, ки иҷозаи коркард ва фурӯши шираи камол дар Тоҷикистонро дорад, низ дар соли 2013 аз ин ҳуқуқ муваққатан маҳрум шудааст.

player spinner

«Фароз» аз бозӣ берун шуд

Феълан кор намекунад

Ҳасан Амиров мегӯяд, бештари майдонҳои шираи камол дар минтақаи Кӯлоб мавҷуд аст, ки дар чор соли охир бинобар коркард ба ҳолати нобудӣ расидаанд. Ҷаноби Амиров мақсад аз қарори нави ҳукумати ҷумҳуриро васеъ кардани майдонҳои кишти шираи камол номид: «Ин маънои онро дорад, ки рафта замин гиранд ва худашон кишт карда ҷамъоварӣ кунанд. Мо заминҳои киштшударо назорат мекунем. Агар ин хел нашавад, табиат хароб мешавад. Мувофиқи қарори нав фақат кишт иҷоза дода шудааст ва ягон ширкат ҳаққи ҷамъоварии шираи камолро надорад.»

Ин дар ҳолест, ки Файзулло Ширинов, сардори яке аз шӯъбаҳои ширкати «Фароз» дар сӯҳбати чанд моҳи пеш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳо ҳаргиз «бераҳмона» шираи камолро ҷамъоварӣ накардаанд. Баръакс, ӯ мегӯяд, дар соли 2012 онҳо дар вилояти Хатлон дар беш аз 7 ҳазор гектар камол кишта буданд. Ин масъули ширкати «Фароз» гуфт, онҳо аз Ҳиндустон ва Ҷопон мутахассис даъват кардаанд ва танҳо пас аз коркард иҷозаи содироти онро доштаанд: «Мо то 7 намуди доруро дар Вазорати тандурустӣ сабт кардаем, ки аз шираи камол омода мешавад. Мо мутахассисонро аз Ҳиндустон овардаем ва онҳо дар ин ҷо доруҳоро омода мекунанд ва баъдан мо онро ба Ҳиндустону Шри Ланкаю Афғонистон содирот мекунем. Доруҳое, ки аз шираи камол омода мешавад, ба ин кишварҳо содирот мешаванд.»

Ин масъули «Фароз» қимати як кило шираи камол дар дохил ва хориҷи кишварро сирри тиҷоратӣ донист, аммо гуфт, ширкати онҳо танҳо дар соли гузашта ба буҷаи давлат аз ҳисоби андози экологӣ беш аз ду миллион сомонӣ ворид кардааст.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи огоҳ, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, тирамоҳи соли гузашта дар ноҳияи Темурмалик миёни гурӯҳҳое сари ҷамъоварии шираи камол баҳс сурат гирифта буд ва шояд ҳукумати Тоҷикистон ба ин хотир ҷамъоварӣ ва содироти онро манъ карда бошад. Шираи камол ё ба истилоҳи дигар ров дар тибби мардумии тоҷик аз серистеъмолтарин дору ба шумор меравад ва сокинон онро барои шифо аз бемориҳои гуногун истеъмол мекунанд.

Бахтиёр Раҷабов, як сокини Кӯлоб, мегӯяд, «вақте кӯдакон таб мекунанд, аз шираи камол об карда ба пешонаашон мемолем. Ё ҳангоми шамол хӯрдан ва шикамравӣ ин беҳтарин дору барои шифо ёфтан аст.»

То соли 2008 шираи камол озодона аз Тоҷикистон содирот мешуд, вале бо як амри президенти кишвар фурӯши он ба хориҷи кишвар дар шакли хом комилан мамнӯъ дониста шуда буд. Пас аз амри президенти кишвар «Фароз» ягона ширкате буд, ки дар Тоҷикистон ба коркард ва фурӯши ин гиёҳ машғул буд. Ҳоло бошад, ин ширкат ҳам аз ҷамъоварӣ ва содироти он дар давоми соли 2013 маҳрум гаштааст.

Источник

«ШИЛМИ КАМОЛИ БАДБӮЙ РУШДИ ВИРУСҲОРО БОЗМЕДОРАД». Чунин иброз дошт доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар»

Safarbek Rahimov

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои Тоҷикистон ба фурӯш баровардани растаниҳои кӯҳиву саҳроии шифобахш, назири чукриву рошак, ров ва ғайраҳо хеле зиёд ба чашм мерасад, ки ба андешаи мутахассисон, истеъмоли онҳо барои пешгирии бисёр бемориҳои сироятӣ нақши калон дорад. Дар робита ба аҳамияти амалии авлоди камол-ferula l.ва намуди камоли тоҷикон хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо доктори илмҳои биологӣ, профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарбек РАҲИМОВ суҳбат намуд.

АМИТ «Ховар»: Устод мегуфтед, ки дар Тоҷикистон чанд намуди авлоди камолҳо мерӯяд. Дар таркиби ин растаниҳо чӣ гуна моддаҳои биологӣ мавҷуд ва барои кадом намуди бемориҳо шифобахш ҳастанд?

Профессор Раҳимов: Дар Тоҷикистон 37 намуди авлоди камолҳо (FERULA L.) мавҷуд мебошанд, ки 2 намуди онро рошак ва 2 намуди дигари онро ров номбар менамоянд. Онҳоро ҳамчун растании сабзавотӣ дар аввали баҳор истифода мебаранд. Баргҳои назди решамеваи онҳо ҳамчун мавод барои тайёр намудани атолаҳои гуногун барои табобати касалиҳои шамолхӯрии роҳҳои нафас ва зуком васеъ истифода бурда мешавад. Таркиби ин растаниҳо аз моддаҳои фаъоли биологӣ, ба монанди мазаи сирпиёзи тунду тез ва равғанҳои эфирӣ — сулфидҳо, бисулфидҳо, кислотаи резинол ва эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин,теферин ва ғайра иборатанд.

АМИТ «Ховар»: Истифодаи шираи камол ҳанӯз дар даврони антиқа маълум ва аз тарафи падари тибби муосири тоҷик Абӯалӣ ибни Сино тавсия шуда буд. Оё дуруст аст, ки шираи камол таъсири зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва қавигардонии масуният дорад?

Kamoli badbujПрофессор Раҳимов: Бо сабаби талаботи зиёд доштанаш тайи солҳои охир дар Тоҷикистон шираи камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M. Pimen.)-ро захира мекунанд. Чунки онро дар саноати тиб ҳамчун доруҳои зидди микробию вирусӣ ва барои ҳамроҳ намудани он дар таркиби ғизоҳои гуногун, ҳамчун хӯриш истифода мебаранд.

Дар таркиби намудҳои авлоди камол ва юған миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ ва як миқдор қатрон мавҷуд мебошад, ки ин сабаби кам истеъмол намудани чорво дар ҳолати сабз будани онҳо мегардад, вале дар ҳолати хушк будан (равғанҳои эфирӣ ва қатрон бухор мешаванд) чорво онро хеле хуб истеъмол менамояд. Бинобар ҳамин, камолзор ва юғанзорҳоро дар тамоми мавзеъҳои паҳншавии Помиру Олой, Тиёншони Ғарбӣ, Афғонистон ва Ҳиндустон бештар ҳамчун коҳдарав истифода мебаранд.

Як қатор намуди камолҳо ба растаниҳои дорувории анъанавии тибби шарқӣ шомил мебошанд. Истифодаи шираҳое, ки аз онҳо ба даст оварда мешаванд, ҳанӯз дар даврони антиқа маълум буд. Аз онҳо чунин шираҳои фарматсевтӣ, ба монанди асса-фетида, голбана, сунбул, амониакум ва сапаген омода мекарданд.

Ин қатронҳо ҳанӯз аз тарафи ходимони забардасти улуми асримиёнагӣ Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯрайҳони Берунӣ тавсиф карда шуда буданд. Онҳо барои табобат намудани бемориҳои роҳҳои нафасгирӣ (голбана, асса-фетида), ревматизм (сапаген), диатезҳо, лимфоденитҳо, отитҳо, гастритҳо ва зиён (асса-фетида) истифода бурда мешуданд. Баъзе аз қатронҳои ишорашуда воситаҳои расмии табобатӣ дар Ҳиндустон, Покистон, Эрон, ИМА, Швейтсия, Германия, Португалия ба ҳисоб мераванд.

Камолҳо дар тамоми узвҳояшон, хусусан дар решамева равғани эфирӣ доранд. Накҳатҳои камолҳо хеле гуногунанд. Масалан, бӯйи сирпиёзи тез ва тунд дар равғани эфирӣ аз ҷузъиёти дар таркибашон сулфур дошта (сулфидҳо, бисулфидҳо, кислотаи резинол, аз эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин,теферин ва ғайра) иборат мебошад. Ин моддаҳои фаъоли биологӣ манбаи ҳосил намудани сесквитерпеноидҳо ба шумор меравад, ки онҳо таъсири зиддимикробӣ ва бактериологӣ доранд.

Намудҳои авлоди Ferula L. ҳанӯз дар асрҳои қадим ҳамчун растаниҳои табобатӣ маълум буданд. Ҳанӯз Теофраст (370-285 сол қабл аз қарни мо) навишта буд, ки шираи камолро бо шароб аз баҳри газидани морҳо, каждумҳо, паст кардани дарди пучакҳо менӯшонданд ва бо асал – барои рафъи омосхо истифода мебурданд.

«Шилм-қатрон»-камолҳо дар фармакологияи Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шуда буд ва дар фармакологияи 19 кишвари олам ҳамчун воситаи зидди рагкашӣ ворид гардидааст. Дар Ҳиндустон қатрон барои табобати диспепсия, диарея, холера, диққи нафас, касалии канд, невроз, ревматизм, шохаҳои роҳҳои нафаскашӣ, бемориҳои фалаҷ ва пӯст истифода бурда мешавад. Дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар тибби анъанавии тоҷикон, аз қадимулайём хилтитро (ҳинди бадбӯй, чахир, охчаир, шираи камол ва ғайраро) ба сифати воситаи зидди спазмаовар, зидди кашиши рагҳо, воситаи табобати меъдаву рӯдаҳо ва инчунин эпилепсия, диққи нафас, касалии сил, диабети қанд, бемориҳои ҷигар, бемориҳои пӯст, омосҳои давомнок ва ғайра истифода мебурданд.

Тибқи маълумоти доктор Тоҳирӣ (Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти № 0000531ба қайд гирифта шудааст, шаҳодатномаи № 2215749 аз 14. 06. 2001), шираи камол таъсири зиддипаразитӣ, зиддивирусӣ, зиддиомосӣ ва қавигардонии масуният дорад. Тибқи маълумоти Институти микробиология ва вирусологияи АИ Россия, шилми камоли бадбӯйтарин рушди вирусҳоро бозмедорад, метавонад барои табобати оташак (сифилис), сӯзок, гепатити вирусӣ (қубод) ва простатит истифода бурда шавад.

АМИТ «Ховар»: Шумо гуфтед, ки дар таркиби намудҳои авлоди камол ва юған миқдори зиёди равғанҳои эфирӣ ва як миқдор қатрон мавҷуд мебошад, ки ин сабаби кам истеъмол намудани чорво дар ҳолати сабз будани онҳо мегардад, вале дар ҳолати хушк будан чорво онро хеле хуб истеъмол менамояд. Истеъмоли он барои ҳайвонот чӣ фоида дорад?

Kamoli badbuj1Профессор Раҳимов: Таркиби шираи камол аз эфирҳои мураккаби ферутин, ферутинин ва теферин иборат мебошад. Дар асоси ин пайвастагиҳо дармони аслӣ тефестое тайёр карда шудааст, ки дар таҷрибаи ветеринарӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокии тухми мурғ, пешгирӣ намудани қисирмонии гӯсфандон ва чорвои калони шохдор васеъ истифода бурда мешавад.

Қисмати бештари камолҳо, хусусан камоли тоҷикон (Ferula tadshikorum M.Pimen.) растаниҳои муҳими ташкилкунандаи ҷамоаи гуногуни шакли набототи нимсаваннаҳо, чарогоҳӣ ва алафдаравӣ ба шумор мераванд. Дар давраи гул кардани камол ва юған ҷамоаи онҳо ҳамчун чарогоҳ истифода бурда мешавад. Бештари чорводорон ин ҷамоаи растаниҳоро дар давраи шабона мечаронанд, чунки дар ин вақт онро мол хуб мечарад.

Омӯзиши физиологии ин растаниҳо нишон медиҳад, ки дар давраи торикӣ ҷараёни фотосинтез қатъ мегардад, шабҳангом таҷзияи ангиштобҳои мураккаб (оҳар) ба ангиштобҳои сода (глюкоза) шурӯъ мешавад. Аз ҳамин сабаб, пас аз 2-3 соати фарорасии торикӣ ҷамоаи камолзор ва юғанзор барои чаридани чорво мувофиқ мебошад. Дар ҳамин зинаи онтогенетикӣ (давраи пурра гулкунии растанӣ) биосинтези кислотаҳои чарбӣ нисбат ба дигар шохаҳои метаболитикӣ бартарӣ дорад.

Бинобар ин, талхӣ ва тезии камол ва юған аз байн меравад ва чорво поябаргҳои назди решамева ва навдаҳои гулкунандаи онҳоро чарида метавонад, ки сабаби солимии ҳайвонот мегардад. Баъд аз ин вазни онҳо зиёд ва пашмашон дурахшон мешавад. Бо назардошти он ки дар камол моддаҳои аз лиҳози биологӣ фаъол вуҷуд дошта, паразитҳои дохилиро нест мекунанд, дар ҳайвонҳо кори меъдаву рӯда муътадил мегардад ва чорво дар муддати кӯтоҳ ба фарбеҳшавӣ сар менамояд. Фақат бо ҳамин сабаб чорворо дар фасли тобистон ба чарогоҳи тобистона мебаранд, ки он солим гашта, фарбеҳ шавад. Истифодаи самараноки чарогоҳи юғану камолзор бояд шабона гузаронида шавад. Вале на ҳамаи чӯпонон чорворо шабона мечаронанд, бинобар ҳамин моли онҳо солим намегардад, фарбеҳ намешавад ва сабаби талафёбии онҳо дар фасли зимистон, махсусан давраи гирифтани насл (охири феврал, аввали моҳи март-апрел) мегардад.

АМИТ «Ховар»: Навъҳои авлоди камол ба ғайр аз маводи доруворӣ боз чӣ аҳамиятдоранд?

Профессор Раҳимов: Растаниҳои ин авлод аҳамияти калони ғизоӣ, асалдиҳӣ, хӯроки чорво, ба вуҷуд овардани ҷамоаҳои гуногуни наботот, доруворӣ, ороишӣ, масолеҳи сохтмон ва ғайра доранд.

Аз лиҳози муносибатҳои амалӣ, навъҳои авлоди камол асосан барои фаъолияти зерин истифода бурда мешаванд: 1) ҳамчун растаниҳои бисёр хуби хӯроки чорво (чарогоҳӣ ва алафдаравӣ); 2) яке аз растаниҳои бавуҷудоварандаи ҷамоаҳои гуногуни нимсаванна ва шибляк; 3) растаниҳои дорувории тибби анъанавии шарқӣ ва мардумӣ, ки ба сифати манбаи дармонӣ ояндаи калон доранд; 4) растаниҳои хушбӯй, эфиру равғанӣ ва шаҳдбор; 5) маводи сӯзишворӣ дар шароити дашт ва биёбонӣ; 6) маводи сохтмонии сода дар шароити дашт ва биёбон (аз пояҳои хушкшудаи онҳо чапараки ҳели моли майда сохта мешавад, ки чорворо дар дохили он нигоҳ медоранд); 7) бештари намудҳои камолҳои баргкалон растаниҳои ороишӣ ба шумор мераванд.

Баъзе аз намудҳои камолҳо дар Осиёи Миёна аз қадимулайём ҳамчун растании ғизоӣ васеъ истифода бурда мешаванд (F. karelinii Bunge, F. sibirica Wild.,F. dubjanskyi Korov.ex Pavl., F. schtschurowskiana Regel et Schmalh., F. violacea Korov., F. eugenevi R.Komel.). Аз ҷумла, аҳолии Ҳиндустон, Покистон ва Ҳинду Чин Ferula tadshikorum M. Pimen. ва F. foetidissima Regel et Schmalh., F. foetida (Bunge) Regel — ро ба сифати хӯриш дар таркиби хӯрокиҳои гуногун (гӯшт, сабзавот, маҳсулоти биринҷӣ, карами баҳрӣ) васеъ истифода мебаранд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯзҳо масъалаи ҳифзу оқилона истифода бурдани растаниҳои фоидаовар ва ғизоӣ хеле ташвишовар мебошад. Ин гуна растаниҳо дар натиҷаи ҷамъоварӣ ҳамчун гиёҳҳои доругӣ, мевадиҳанда, хӯроки чорво, ороишӣ ва ғ. ба ҳадди нестӣ расида истодаанд. Албатта, табиат низ инсониятро барои чунин амалаш бе туҳфаи «сазовор» намемонад. Нестшавии камол чӣ гуна зарари экологиро метавонад ба миён оварад?

Профессор Раҳимов: Бо аломатҳои ғизоӣ ва хусусияти табобатӣ доштан камоли тоҷиконро дар тамоми мавзеъҳои сабзишашон давоми 20 соли охир бо мақсади гирифтани шираи он ҷамъоварӣ менамоянд, ки дар натиҷа ин растанӣ то ба давраи гулкунӣ намерасад, бинобар ин, рӯ ба нестӣ оварда истодааст.

Дар мавриди нестшавии камол, шакли набототи нимсаванна пурра аз байн меравад, ки оқибати он зарари ҷиддии экологиро ба миён меоварад, замини он пурра эрозия мегардад. Дар натиҷаи нестшавии камол аз байн рафтани чорводорӣ, тундбодҳо, омадани ярч, сел, касалиҳои гуногуни бактериологӣ, вирусологӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд.

P.S. Истеъмоли ғизои солим дар пешгирии бисёр аз бемориҳо нақши калон дорад. Албатта, инсон ба истифодаи гӯшт эҳтиёҷ дорад, вале истифодаи аз миқдор зиёди он метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Қабули ҳама намудҳои сабзавот ва алафҳои кӯҳӣ барои организм хеле зарур аст. Аз ҷумла, шибит, ров, рошак, сияҳалаф ва модел дар таркиби худ витаминҳои зиёд доранд. Дар фасли баҳор захираҳои организм кам мешаванд. Дар организм, ки витаминҳо кам шуд, тамоми касалиҳо хуруҷ мекунанд. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар баробари истеъмоли ғизои солим, аз ҷумла, алафҳои кӯҳиву саҳроӣ ва сабзавоти тару тоза ба ҳаракати ҷисмонӣ низ машғул шавем. Пешгирӣ ҳамеша аз табобат беҳтару камхарҷтар аст. Дар ҳолати гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ набояд ҳаросем. Дар баробари доруҳои тавсиядодаи табибон бояд аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун пухта, истеъмол намоем, то тамоми бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирусро сабуктар гузаронем.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Сафарбек РАҲИМОВ (тав. 4.03.1947), биологи тоҷик, доктори илмҳои биология (2007) солҳои 1964–1969 дар факултети табиатшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1971 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат кардааст.

Солҳои 1971– 1972 лаборанти калон, 1972–1975 аспиранти Институти ботаникаи АИ ҶШС Тоҷикистон, 1989–2000 муаллими калон, дотсенти кафедраи ботаникаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон буд. Солҳои 2000–2006 дар вазифаи мудири боғи ботаникии Институти ботаникаи АИ ҶТ фаьолият намудааст. Солҳои 2006–2007 дар докторантураи назди Боғи марказии ботаникии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия таҳсил намудааст. Соли 2008 муовини директори Институти ботаникаи АИ ҶТ оид ба корҳои илмӣ буд. Соли 2009 ҳамчун декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият намудааст. Ҳоло профессори кафедраи ботаникаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Муаллифи зиёда аз 55 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои биоморфологияи намояндагони флораи нимсаванни Помиру Олой, махсусан растаниҳои бегонаи заҳрнок, алафдарав ва доругӣ дарбар гирифтаанд. Дар доираҳои илмӣ ӯро ҳамчун биоморфологи баландихтисос этироф менамоянд. Бо ташаббуси ӯ соли 2008 як гурӯҳ биоморфологҳои Боғи марказии ботаникии сибирии ш. Новосибирски АИ Федератсияи Россия барои ҳамкории илмӣ ба Тоҷикистон омаданд ва шартномаи ҳамкорӣ оид ба таёр намудани мутахассисон бо Институти ботаникаи АИ ҶТ баста шудааст.

Источник

Ошибки и заблуждения
Adblock
detector